Сиёсати махфияти Workplace


Workplace from Meta платформаи онлайни аз ҷониби Meta эҷодшуда аст, ки ба корбарон имкони ҳамкорӣ ва мубодилаи маълумот дар ҷои корро медиҳад. Платформаи Workplace сомонаҳо, барномаҳо ва хизматрасониҳои онлайни марбутро дар бар мегирад, ки якҷоя "Хизматрасонӣ" номида мешавад.
Ин Сиёсати махфият тарзҳои ҷамъоварӣ, истифода ва мубодилаи маълумоти шуморо ҳангоми истифодаи шумо аз Хизматрасонӣ тавсиф мекунад.
Хизматрасонӣ барои истифодаи ташкилотҳо тибқи дастурҳои онҳо пешбинӣ шудааст ва ба шумо аз ҷониби корфармои шумо ё ташкилоти дигаре пешниҳод мешавад, ки иҷозати дастрасӣ ва истифодаи ин Хизматрасониро ба шумо додааст (“Ташкилоти” шумо).
Ин Хизматрасонӣ аз хизматрасониҳои дигари Meta, ки шояд шумо истифода мебаред, ҷудо аст. Он хизматрасониҳои дигари Meta ба шумо аз ҷониби Meta пешниҳод мешаванд ва бо шартҳои худи онҳо танзим мешаванд. Ҳарчанд ин Хизматрасонӣ аз ҷониби Ташкилоти шумо фароҳам мегардад ва тавассути Сиёсати махфияти мазкур ва Сиёсати истифодаи қобили қабули Workplace ва Сиёсати кукиҳои Workplace танзим мешавад.
Ташкилоти шумо ба ҳисоби Workplace-и шумо ("Ҳисоби шумо") масъул аст ва онро идора мекунад. Ташкилоти шумо инчунин ба ҷамъоварӣ ва истифодаи ҳама гуна иттилооте, ки шумо тавассути Хизматрасонӣ пешниҳод ё фароҳам мекунед, масъул аст ва чунин истифода бо шартҳои созишномае, ки байни Ташкилоти шумо ва Meta баста шудааст, танзим мешавад.
Илова бар ин Сиёсати махфият, Ташкилоти шумо метавонад сиёсатҳо ё кодексҳои рафтори иловагӣ дошта бошад, ки дар мавриди истифодаи ин Хизматрасонӣ аз ҷониби шумо татбиқ мешаванд.
Агар дар бораи истифодаи ин Хизматрасонӣ саволе дошта бошед, лутфан, бо Ташкилоти худ тамос гиред.

I. Кадом навъи маълумот ҷамъоварӣ мешавад?
Ташкилоти шумо ҳангоми ба Хизматрасонӣ дастрасӣ пайдо кардани шумо, ҳамкорони шумо ва корбарони дигар навъҳои зерини маълумотро ҷамъ меорад:
  • маълумоти тамоси шумо, ба монанди номи пурра ва суроғаи почтаи электронӣ;
  • номи корбар ва пароли шумо;
  • унвони вазифа, маълумоти шуъбаи шумо ва маълумоти дигари марбут ба кор ё Ташкилоти шумо;
  • муҳтаво, иртибот ва маълумоти дигаре, ки шумо ҳангоми истифодаи Хизматрасонӣ пешниҳод менамоед, аз ҷумла вақте ки барои ҳисоб сабти ном мекунед, муҳтаво эҷод ё мубодила менамоед ва ба дигарон паём менависед ё бо онҳо иртибот мекунед. Ин метавонад маълумоти мавҷуд дар муҳтавои пешниҳоднамудаи шумо ё дар бораи онро (ба монанди метаиттилоот), аз қабили макони ягон сурат ё санаи эҷоди ягон файл дар бар гирад;
  • муҳтаво, иртиботҳо ва маълумоте, ки одамони дигар ҳангоми истифодаи Хизматрасонӣ пешниҳод менамоянд. Ба ин метавонад маълумот дар бораи шумо дохил шавад, ба монанди мавридҳое, ки онҳо сурати шуморо мубодила менамоянд ё дар бораи он шарҳ мегузоранд, ба шумо паём мефиристанд ё маълумоти тамоси шуморо боргузорӣ, синхронӣ ё содирот мекунанд;
  • ҳамаи иртиботҳо бо корбарони дигари Хизматрасонӣ;
  • иртиботҳо, фикру мулоҳиза, пешниҳодҳо ва идеяҳои корбар, ки ба Ташкилоти шумо фиристода шудаанд;
  • маълумоти пешниҳоди ҳисобнома; ва
  • маълумоте, ки шумо ё Ташкилоти шумо ҳангоми тамос гирифтан ё таомул кардан бо хадамоти дастгирии платформа барои дарёфти дастгирӣ оиди Хизматрасонӣ пешниҳод менамоед.

II. Ташкилоти шумо ин маълумотро чӣ тавр истифода мебарад?
Ташкилоти шумо маълумотеро, ки бо Meta, ҳамчун таҳвилгари платформа, ҷамъ меоварад, бо мақсади ба Meta фароҳам овардани имконияти пешниҳод ва дастгирии Хизматрасонӣ ба Ташкилоти шумо ва корбарони дигар, дар мувофиқат бо ҳама гуна дастурҳои дигари Ташкилоти шумо, мубодила менамояд. Мисолҳои чунин истифода инҳоанд:
  • иртибот бо корбарон ва маъмурон оид ба истифодаи Хизматрасонӣ аз ҷониби онҳо;
  • такмил додани амният ва бехатарии Хизматрасонӣ барои Ташкилоти шумо ва корбарони дигар, аз ҷумла тавассути таҳқиқи фаъолияти шубҳаовар ё вайронкуниҳои шартҳо ё сиёсатҳои татбиқшаванда;
  • шахсикунии таҷрибаи шумо ва Ташкилоти шумо дар доираи пешниҳоди Хизматрасонӣ аз ҷониби мо;
  • дар дохили Хизматрасонӣ таҳия намудани абзорҳо, маҳсулот ё хизматрасониҳои нав барои Ташкилоти шумо;
  • бо мақсади беҳтар намудани сифати кори Хизматрасонӣ алоқаманд кардани фаъолияти як шахси алоҳида дар Хизматрасонӣ дар ҳамаи дастгоҳҳои гуногуне, ки аз ҷониби ӯ истифода мешаванд;
  • муайян ва ислоҳ кардани хатоҳое, ки метавонанд ҷой дошта бошанд; ва
  • анҷом додани таҳлили иттилоот ва система, аз ҷумла таҳқиқот барои беҳтар кардани кори Хизматрасонӣ.

III. Ифшои маълумот
Ташкилоти шумо маълумоти ҷамъоваришударо ба равиши зерин ифшо мекунад:
  • ба таҳвилгарони хизматрасонии тарафи сеюм, ки барои пешниҳоди Хизматрасонӣ ё қисме аз Хизматрасонӣ кумак мекунанд;
  • ба барномаҳо, сомонаҳо ё хизматрасониҳои дигари тарафи сеюм, ки шумо метавонед тавассути Хизматрасонӣ бо онҳо пайваст шавед;
  • дар робита бо амалиёти бузурги корпоративӣ, ба монанди интиқоли Хизматрасонӣ, муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, фурӯши дороӣ ё дар ҳолатҳои аз эҳтимол дури муфлисӣ ё қодир набудан ба пардохт (пардохтнопазирӣ);
  • барои муҳофизат кардани бехатарии ягон шахс; мубориза бо қаллобӣ, мушкилоти амниятӣ ё техникӣ; ва
  • дар робита бо даъватнома ба суд, ордер, фармон дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё дархост ё фармони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

IV. Дастрасӣ ёфтан ва тағйир додани маълумоти шумо
Шумо ва Ташкилоти шумо метавонед ба маълумоте, ки бо истифодаи абзорҳои дохилии Хизматрасонӣ ба Хизматрасонӣ бор кардаед, (масалан, таҳрир кардани маълумоти профили худ ё тавассути Рӯйхати фаъолият) дастрасӣ ёбед, онро ислоҳ ё нест кунед. Агар шумо ин корро бо истифодаи абзорҳои фароҳамкардаи Хизматрасонӣ анҷом дода натавонед, барои дастрасӣ ёфтан ё тағйир додани маълумоти худ бояд мустақиман бо Ташкилоти худ тамос гиред.

V. Барномаи чаҳорчӯби махфияти иттилооти ИА-ИМА
Meta Platforms, Inc. иштироки худ дар Барномаи чаҳорчӯби махфияти иттилооти ИА-ИМА-ро сертификатсия кардааст. Дар бобати ба Meta Platforms, Inc. дар ИМА интиқол додани маълумоти марбут ба маҳсулот ва хизматрасониҳои дар ин сертификатсия зикршуда мо ба Барномаи чаҳорчӯби махфияти иттилооти ИА-ИМА ва қарори марбути Комиссияи Аврупо дар бораи кифоят такя мекунем. Барои дарёфти маълумоти бештар Ифшои маълумоти Барномаи чаҳорчӯби махфияти иттилооти Meta Platforms, Inc.-ро аз назар гузаронед.

VI. Пайвандҳо ва муҳтавои тарафи сеюм
Хизматрасонӣ метавонад пайвандҳо ба муҳтавои тарафҳои сеюмро дар бар гирад, ки таҳти назорати Ташкилоти шумо нестанд. Шумо бояд сиёсати махфияти ҳар сомонаеро, ки аз он боздид мекунед, аз назар гузаронед.

VII. Бастани ҳисоб
Агар шумо истифодаи Хизматрасониро қатъ кардан хоҳед, бояд бо Ташкилоти худ тамос гиред. Ба ҳамин тартиб, агар шумо кор дар Ташкилот ё бо онро қатъ кунед, Ташкилот метавонад Ҳисоби шуморо боздорад ва/ё ҳама гуна маълумоти бо Ҳисоби шумо алоқамандро нест кунад.
Одатан раванди нест кардани ҳисоб пас аз баста шудани он тақрибан 90 рӯз вақт мегирад, аммо баъзе маълумот метавонад ба муддати қобили қабул дар нусхаҳои эҳтиётӣ боқӣ монад. Лутфан, ба назар гиред, ки муҳтавои дар Хизматрасонӣ эҷод ва мубодилакардаи шумо моликияти Ташкилоти шумо мебошад ва метавонад дар Хизматрасонӣ боқӣ монад ва дастрас бошад, ҳатто агар Ташкилоти шумо Ҳисоби шуморо ғайрифаъол ё қатъ кунад. Ба ин тариқ, муҳтавои дар Хизматрасонӣ пешниҳоднамудаи шумо ба навъҳои дигари муҳтаво (ба монанди презентатсияҳо ва меморандумҳо), ки шумо метавонед дар рафти кори худ тавлид кунед, монанд маҳсуб мешавад.

VIII. Тағйирот ба Сиёсати махфият
Ин Сиёсати махфият метавонад ҳар чанд вақт навсозӣ шавад. Пас аз навсозӣ санаи “навсозии охирин" дар зер тағйир дода мешавад ва Сиёсати махфияти нав дар реҷаи онлайн нашр мегардад.

IX. Тамос
Агар шумо дар бораи Сиёсати махфияти мазкур ё Сиёсати истифодаи қобили қабули Workplace саволе дошта бошед, лутфан, бо Ташкилоти худ тавассути Маъмури Ташкилот тамос гиред.
Сокинони Калифорния метавонанд дар бораи ҳуқуқҳои махфияти истеъмолкунанда тавассути тамос бо Маъмури Ташкилоти худ маълумоти бештар гиранд.

Навсозии охирин: 10 октябри 2023