Сиёсати махфияти Workplace оид ба маркетинг

Санаи тағйироти охирин: 10 октябри соли 2023
МУНДАРИҶА
  1. Маълумоти ҳуқуқӣ
  2. Маълумоте, ки мо ҷамъ меорем
  3. Маълумоти шумо чӣ тавр коркард мешавад
  4. Маълумоте, ки мо мубодила мекунем
  5. Тарзи амалӣ кардани ҳуқуқҳои шумо
  6. Нигоҳдории маълумоти шумо
  7. Фаъолияти ҷаҳонии мо
  8. Заминаҳои ҳуқуқии мо барои коркард
  9. Навсозиҳои Сиёсати махфият
  10. Ба маълумоти шумо кӣ масъул аст
  11. Тамос бо мо

1. Маълумоти ҳуқуқӣ

Ин сиёсати махфият (“Сиёсати махфият”) амалияи коркарди иттилооти моро дар робита бо пешниҳоди Сомонаҳои мо, аз ҷумла workplace.com (“Сомонаҳо”) (ки аз Хизматрасониҳои Workplace тафовут дорад) ва фаъолияти ба маркетинг ва фикру мулоҳиза асосёфтаи мо (якҷоя “Фаъолиятҳо” номида мешавад) шарҳ медиҳад. Дар ин Сиёсати махфият маълумоте тавсиф мешавад, ки мо дар бораи шумо дар робита бо Сомонаҳо ва Фаъолиятҳо ҷамъ меорем. Сипас мо тарзи аз ҷониби мо коркард ва мубодила шудани ин маълумот ва тарзи амалӣ кардани ҳуқуқҳои шуморо шарҳ медиҳем.
“Meta”, “мо”, “аз мо” ё “ба мо/моро” маънии ниҳоди Meta-ро дорад, ки ба ҷамъоварӣ ва истифодаи иттилооти шахсӣ тибқи Сиёсати махфияти мазкур, тавре ки дар “Ба маълумоти шумо кӣ масъул аст” муқаррар шудааст, масъул мебошад.
Хизматрасониҳои Workplace: Ин Сиёсати махфият ба истифодаи шумо аз маҳсули онлайни Workplace татбиқ намешавад. Маҳсули онлайни Workplace, ки мо ба муштариёни худ пешниҳод менамоем, ба корбарон имкони ҳамкорӣ ва мубодилаи маълумот дар ҷои кор, аз ҷумла маҳсул, барномаҳо ва хизматрасониҳои онлайни алоқаманди Workplace-ро (якҷоя "Хизматрасониҳои Workplace" номида мешавад) медиҳад. Истифодаи Хизматрасониҳои Workplace аз ҷониби шумо бо “Сиёсати махфияти Workplace”, ки онро дар инҷо дастрас кардан мумкин аст, танзим мешавад.

2. Маълумоте, ки мо ҷамъ меорем

Мо дар бораи шумо маълумоти зеринро ҷамъ меорем:
Маълумоти тамоси шумо. Мо суроғаи почтаи электронӣ ва маълумоти асосии шумо, аз қабили ном, унвони вазифа, номи ташкилот ва рақами телефонро, ҳангоме ки шумо, масалан, дар робита бо маҳсулоти мо, аз ҷумла Workplace маълумот дархост менамоед, манбаъҳоро боргирӣ мекунед, барои маводи маркетинг сабти ном мекунед,версияи озмоишии ройгон дархост менамоед ё дар яке аз рӯйдодҳо ё конфронсҳои мо ширкат меварзед, ҷамъ меорем. Агар шумо ба мо ин маълумотро фароҳам накунед, масалан, шумо барои оғоз кардани версияи озмоишии ройгони Workplace наметавонед ҳисобе эҷод кунед. Агар шумо маъмури ҳисоби ташкилоти худ бошед, мо маълумоти тамоси шуморо вақте ҷамъ меорем, ки шумо ба гирифтани паёмҳои электронии марбут ба маркетинг аз мо розӣ мешавед.
Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед. Вақте ки шумо бо мо тамос мегиред, шумо метавонед ба мо маълумоти дигар фароҳам намоед. Навъи маълумот ба сабаби бо мо тамос гирифтани шумо вобаста аст. Масалан, агар шумо мушкилии марбут ба истифодаи Сомонаҳои моро дошта бошед, метавонед ба мо маълумотеро, ки барои ҳалли мушкилии худ муфид мешуморед, ҳамроҳ бо маълумоти тамоси худ (масалан, суроғаи почтаи электронӣ) пешниҳод намоед. Масалан, шумо метавонед ба мо дар бораи тарзи кори Сомонаи мо ё мушкилоти дигар паёми электронӣ фиристед. Ба монанди ин, агар шумо аз мо дар бораи Хизматрасониҳои Workplace маълумот дархост намоед, масалан, метавонед ба мо дар бораи ҷои кори худ хабар диҳед ё маълумоти дигареро пешниҳод намоед, ки барои ҷавоб додан ба саволи шумо кумак мекунад.
Маълумоти пурсиш ва фикру мулоҳиза. Мо инчунин дар бораи шумо вақте маълумот ҷамъ меорем, ки шумо ихтиёран дар яке аз пурсишҳо ё барномаҳои ҷамъоварии фикру мулоҳизаи мо иштирок мекунед. Масалан, мо бо таҳвилгарони хизматрасониҳои тарафи сеюм ҳамкорӣ мекунем, ки барои мо пурсишҳо ва барномаҳои ҷамъоварии фикру мулоҳиза ташкил мекунанд, ба монанди ташкили ҷомеаи муштариёни Workplace, ки ихтиёран иштирок дар барномаи ҷамъоварии фикру мулоҳизаро интихоб намудаанд. Ин ширкатҳо ба мо маълумотеро, ки дар шароити муайян дар бораи шумо ҷамъ меоваранд, аз ҷумла синну сол, ҷинс, суроғаи почтаи электронӣ, вазифаи шумо дар корхона, инчунин тарзҳои истифодаи маҳсулоти мо аз ҷониби шумо ва фикру мулоҳизаҳои пешниҳоднамудаи шумо, фароҳам мекунанд.
Маълумоти истифода ва сабти фаъолият. Мо маълумотро дар бораи фаъолияти шумо дар Сомонаҳои мо, ба монанди маълумоти марбут ба истифодаи хизматрасонӣ, натиҷаҳои ташхис ва тарзи иҷрои кор ҷамъ меорем. Ин маълумот дар бораи фаъолияти шумо (аз ҷумла тарзи истифода шудани Сомонаи мо аз ҷониби шумо, вақт, басомад ва давомнокии фаъолиятҳои шумо), cабтҳои воридшавӣ, сабтҳо ва гузоришҳо дар бораи ташхис, аз кор мондан, сомона ва тарзи кори онро дар бар мегирад.
Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ. Вақте ки шумо ба Сомонаҳои мо дастрасӣ пайдо мекунед ё онҳоро истифода мебаред, мо маълумоти хоси марбут ба дастгоҳ ва пайвастшавиро ҷамъ меорем. Ба ин маълумот, аз қабили модели сахтафзор, маълумот дар бораи системаи амал, сатҳи барқи батарея, тавоноии сигнал, версияи барнома, маълумоти мурургар, шабакаи мобилӣ, маълумоти пайвастшавӣ (аз ҷумла рақами телефон, оператори мобилӣ ё таҳвилгари хизматрасонии интернет), забон ва минтақаи вақт, суроғаи IP, маълумот дар бораи кори дастгоҳ ва идентификаторҳоро (аз ҷумла идентификаторҳои беназири Маҳсулоти ширкати Meta, ки бо ҳамон дастгоҳ ё ҳисоб алоқаманданд) дохил мешавад.
Кукиҳо. Сомонаҳои мо кукиҳоро истифода мебаранд. Файли куки унсури хурди иттилоот аст, ки Сомонаи мо ба мурургари корбар мефиристад, ки баъдтар метавонад дар диски сахти корбар ҳифз карда шавад, то ҳангоми бозгаштани корбар мо компютер ё дастгоҳи ӯро шинохта тавонем. Мо инчунин технологияҳои дигареро истифода мебарем, ки функсияи шабеҳ доранд. Шумо метавонед дар бораи тарзи истифодаи кукиҳо ва технологияҳои ба он монанд дар Сомонаи Workplace дар Сиёсати кукиҳои мо маълумоти бештар гиред.
Маълумоти тарафҳои сеюм. Дар мавридҳое, ки мо бо мақсади мусоидат ба фаъолият, фароҳамоварӣ, такмил, мутобиқсозӣ ва дастгирии Сомонаҳо ё Фаъолиятҳои худ бо таҳвилгарони хизматрасониҳо ва шарикони тарафи сеюм ҳамкорӣ мекунем, мо аз онҳо дар бораи шумо маълумот ҷамъ меорем.
Ширкатҳои Meta. Мо дар шароити мушаххас маълумотро аз инфрасохтор, системаҳо ва технологияҳое ҷамъ меорем, ки бо дигар Ширкатҳои Meta мубодила шудаанд. Мо инчунин маълумоти шуморо дар тамоми Маҳсулоти ширкати Meta ва дастгоҳҳои шумо тибқи шартҳо ва сиёсатҳои ҳар як маҳсули дахлдор ва қонунгузории татбиқшаванда коркард мекунем.
Маълумоте, ки ҳангоми истифодаи шумо аз Хизматрасониҳои Workplace ҷамъоварӣ мешавад, таҳти амали Сиёсати махфияти Workplace қарор дорад, ки он тарзи коркарди маълумоти шуморо ҳангоми истифода аз Хизматрасониҳои Workplaceтанзим мекунад.

3. Маълумоти шумо чӣ тавр коркард мешавад

Мо маълумоти дар ихтиёри худ доштаро (бо назардошти интихобҳои шумо ва қонунгузории татбиқшаванда) барои идора, фароҳамоварӣ, такмил, дарку фаҳмиш, шахсикунӣ ва дастгирии Сомонаҳо ва Фаъолиятҳои худ истифода мебарем.
Фароҳам намудан, такмил додан ва таҳия кардани Сомона ва Фаъолиятҳои мо.
Мо маълумоти шуморо барои фароҳам намудан, такмил додан ва таҳия кардани Сомона ва Фаъолиятҳои таҳлил мекунем. Ин аз ҷумла ба шумо имкон медиҳад ки дар Сомонаҳои мо дар маҷмуъ паймоиш кунед ва онҳоро истифода баред, барои дарёфти маълумоти бештар бо мо тамос гиред, ба манбаъҳои иловагӣ дастрасӣ пайдо намоед ва барои истифодаи версияи озмоишии ройгон сабти ном кунед. Мо инчунин маълумоти шуморо барои анҷом додани фаъолиятҳои маркетингии худ тибқи Сиёсати махфияти мазкур истифода мебарем. Мо инчунин маълумоти шуморо барои фароҳам намудан, такмил додан ва таҳия кардани пурсишҳо ва/ё барномаҳои ҷамъоварии фикру мулоҳиза, ки ба онҳо ҳамроҳ шудаед, истифода мебарем.
Дарки чизҳое, ки муштариён мехоҳанд ва меписанданд.
Агар шумо дар ягон барномаи ҷамъоварии фикру мулоҳиза ё таҳқиқоти дигар оид ба ҷамъоварии фикру мулоҳиза (масалан, вақте ки шумо консепсияҳои навро озмоиш мекунед ва пешнамоиши хусусиятҳои Workplace-ро анҷом медиҳед) иштирок кунед, мо маълумот ва фикру мулоҳизаи шуморо баррасӣ ва таҳлил мекунем. Мо ин корро бо мақсади фаҳмидани талаботҳо ва чизҳои писандидаи муштариён, масалан, барои хабар додан дар бораи тағйир додан ё ҷорӣ намудани хусусиятҳои нави Workplace ё маҳсулот ва хизматрасониҳои дигар ва ба даст овардани иттилооти омории дигар анҷом медиҳем. Маълумоте, ки мо аз иштироки шумо дар барномаи ҷамъоварии фикру мулоҳиза ё таҳқиқоти дигар оид ба ҷамъоварии фикру мулоҳиза ба даст овардаем, ҷамъбаст ва дар шакли муайяннашуда истифода мешавад ва агар дар гузориш оид ба фикру мулоҳиза ё иттилооти оморӣ иқтибос ё ақидае истифода шуда бошад, гузориш онро шахсан ба шумо мансуб намекунад.
Иртибот бо шумо.
Мо маълумоти дар ихтиёри худ доштаро барои ба шумо фиристодани хабарҳои маркетингӣ ва иртиботи умумӣ дар бораи Сомонаҳо ва Фаъолиятҳо ва дар мавридҳои мувофиқ огоҳ намудан дар бораи сиёсатҳо ва шартҳои худ истифода мебарем. Маълумоти шумо инчунин ҳангоми тамос бо мо барои посух додан ба шумо истифода мешавад.
Фароҳам намудан, шахсӣ кардан, андоза гирифтан ва такмил додани маркетинг ва рекламадиҳии мо.
Мо метавонем маълумоти шуморо барои рекламаҳои ҳадафманд, аз ҷумла тавассути шабакаҳои тарафи якум ва тарафи сеюм ва барои эҷоди бинандагони шабеҳ, бинандагони интихобӣ ва андозагирӣ дар шабакаҳои рекламаи тарафи якум ва тарафи сеюм истифода барем.
Мусоидат ба бехатарӣ, ягонагӣ ва амният.
Мо маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавии шуморо барои муайян намудан ва тафтиш кардани намунаҳои рафтори шубҳаовар таҳлил мекунем.
Маҳфуз нигоҳ доштан ва мубодила кардани маълумот бо дигарон, аз ҷумла бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва посух додан ба дархостҳои қонунӣ.
Мо коркарди маълумоти шуморо ҳангоми риояи уҳдадориҳои ҳуқуқии худ анҷом медиҳем, аз ҷумла масалан, дастрасӣ ёфтан, маҳфуз доштан ё ифшо кардани маълумоти муайян дар сурати мавҷуд будани дархости қонунии мақоми танзимкунанда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигарон. Ин посух додан ба дархостҳои қонуниро дар мавридҳое, ки қонунгузории татбиқшаванда моро вазифадор намекунад, вале боварии содиқона дорем, ки ин тибқи қонун дар юрисдиксияи дахлдор ҳатмист ё мубодилаи маълумот бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё шарикони соҳаро бо мақсади мубориза бо рафтори таҳқиромез ё ғайриқонунӣ дар бар мегирад. Масалан, мо бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми зарурат бо мақсади тафтишот акси маълумоти корбарро маҳфуз медорем. Мо маълумотро ҳангоми муроҷиат барои машварати ҳуқуқӣ ё муҳофизати худ дар доираи мурофиаи судӣ ва баҳсҳои дигар маҳфуз медорем ва мубодила мекунем. Ин ҳолатҳои вайронкунии шартҳо ва сиёсатҳои моро дар бар мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо пешниҳод накардани маълумоти шахсӣ ба мо, вақте ки қонун онро талаб мекунад, метавонад боиси вайронкунии қонунгузории татбиқшаванда аз ҷониби шумо ва Meta гардад.

4. Маълумоте, ки мо мубодила мекунем

Мо аз шарикон ва тарафҳои сеюм талаб мекунем, ки қоидаҳоро оид ба тарзҳои истифода ва ифшои маълумоти пешниҳоднамудаи мо риоя кунанд. Ҷузъиёти бештар дар бораи он ки маълумотро бо кӣ мубодила мекунем:
Шарикон ва Таҳвилгарони хизматрасонии тарафи сеюм: Мо бо шарикон ва Таҳвилгарони хизматрасонии тарафи сеюм, ки барои пешбурди Сомонаҳо ва Фаъолиятҳои мо кумак мекунанд, ҳамкорӣ мекунем. Вобаста ба он ки онҳо моро чӣ тавр дастгирӣ мекунанд ё бо мо кор мекунанд, вақте ки мо маълумотро бо Таҳвилгарони хизматрасонии тарафи сеюм дар ин симат мубодила менамоем, мо аз онҳо талаб мекунем, ки маълумоти шуморо аз номи мо тибқи дастурҳо ва шартҳои мо истифода баранд. Мо бо навъҳои гуногуни шарикон ва Таҳвилгарони хизматрасонӣ, мушаххасан бо онҳое, ки моро дар самти маркетинг, таҳлил, пурсишҳо, барномаҳои ҷамъоварии фикру мулоҳиза ва такмил додани маҳсулот ва хизматрасониҳо дастгирӣ мекунанд, ҳамкорӣ менамоем.
Ширкатҳои Meta: Мо маълумотеро, ки дар робита бо Фаъолиятҳои худ ё тавассути Сомонаҳо, инфрасохтор, системаҳо ва технологияи худ ҷамъ меорем, бо Ширкатҳои дигари Meta мубодила мекунем. Мубодила ба тақвияти бехатарӣ, амният ва ягонагӣ; шахсӣ кардани пешниҳодҳо ва рекламаҳо; мутобиқат бо қонунгузории татбиқшаванда; таҳия ва пешниҳод намудани хусусиятҳо ва интегратсияҳо; фаҳмидани он, ки одамон чӣ тавр Маҳсулоти ширкати Meta-ро истифода мебаранд ва бо он таомул мекунанд, кумак мекунад.
Масъалаҳои ҳуқуқӣ ва мутобиқат: Мо метавонем ба маълумоти шумо (i) дар посух ба дархостҳои қонунӣ, аз қабили ордерҳои ҷустуҷӯ, фармонҳои суд, фармонҳо оид ба пешниҳоди маълумот ё даъватномаҳо ба суд дастрасӣ ёбем, онро нигоҳ дорем, истифода барем ва мубодила кунем. Ин дархостҳо аз ҷониби тарафҳои сеюм, ба монанди даъвогарони парвандаҳои гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ карда мешаванд. Мо инчунин метавонем маълумоти шуморо бо ташкилотҳои дигар, аз ҷумла ширкатҳои дигари Meta ё тарафҳои сеюм, ки ба мо барои анҷом додани тафтишот ва посух додан ба чунин дархостҳо (ii) тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва (iii) бо мақсади мусоидат ба бехатарӣ, амният ва ягонагии Маҳсулот, корбарон, кормандон, амволи Meta ва оммаи васеъ мубодила намоем. Ба ин мавридҳои тафтиши вайронкунии ягон созишнома, вайронкуниҳои шартҳо ё сиёсатҳои мо ё мухолифат бо қонун ё ошкор кардан, бартараф намудан ё пешгирӣ кардани қаллобӣ дохил мешаванд. Маълумоти шахсии шумо инчунин метавонад дар мавридҳои зарурӣ барои таъсис намудан, амалӣ кардан ё ҳимояи даъвоҳои судӣ ва анҷом додани тафтишот ё пешгирӣ намудани талафот ё зиёни воқеӣ ё эҳтимолӣ ба одамон ё амвол ифшо карда шавад.
Фурӯши тиҷорат: Агар мо тиҷорати худро пурра ё қисман ба каси дигар фурӯшем, он гоҳ мо метавонем маълумоти шуморо тибқи қонунгузории татбиқшаванда дар доираи он муомила ба молики нав диҳем.

5. Тарзи амалӣ кардани ҳуқуқҳои шумо

Шумо дар робита бо маълумоти шахсии худ вобаста ба қонунгузории татбиқшаванда ва ҷои истиқомат ҳуқуқҳо доред. Дар ҳоле ки баъзе аз ин ҳуқуқҳо ба таври умумӣ татбиқ мешаванд, ҳуқуқҳои ҷудогона танҳо дар мавридҳои маҳдуд ё дар юрисдиксияҳои муайян татбиқ мешаванд. Шумо метавонед ҳуқуқҳои худро тавассути тамос бо мо дар инҷо амалӣ кунед.
  • Ҳуқуқ ба доштани дастрасӣ/донистан - Шумо ҳуқуқи дархости дастрасӣ ба маълумоти худро доред ва он бояд ба шумо бо нусхаи маълумоти муайян, аз ҷумла категорияҳои маълумоти шахсии шумо, ки мо ҷамъ меорем, истифода мебарем ва ифшо мекунем ва маълумот дар бораи амалияҳои иттилоотии мо фароҳам гардад.
  • Ҳуқуқ ба ислоҳ - Шумо ҳуқуқи аз мо дархост кардани ислоҳи маълумоти шахсии носаҳеҳ дар бораи худро доред.
  • Ҳуқуқ ба нест кардан/дархости несткунӣ - Дар мавридҳои муайян шумо ҳуқуқ доред, ки аз мо нест кардани маълумоти шахсии худро дархости намоед, агар барои ин дархост асосҳои муътабар мавҷуд бошанд ва ба шарте ки қонунгузории татбиқшаванда риоя шавад.
  • Ҳуқуқ ба интиқолпазир будани иттилоот - Шумо ҳуқуқ доред, ки дар мавридҳои муайян маълумоти худро дар шакли сохторёфта, ба таври умумӣ истифодашаванда ва қобили хониш тавассути мошин гиред ва чунин маълумотро ба контроллери дигар интиқол диҳед.
  • Ҳуқуқ ба эътироз кардан/даст кашидан (маркетинг) - Шумо ҳуқуқ доред, ки дар вақти дилхоҳ ба коркарди маълумот бо мақсади маркетинги мустақим,шиносии профил ва қабули худкори қарорҳо эътироз кунед. Агар мо маълумоти шуморо барои маркетинги мустақим истифода барем, шумо метавонед бо истифодаи пайванди қатъи обуна дар чунин иртиботҳо эътироз кунед ва аз паёмҳои маркетинги мустақим даст кашед.
  • Ҳуқуқ ба эътироз кардан - Шумо ҳуқуқ доред, ки ба коркарди муайяни маълумоти худ эътироз намоед ё онро маҳдуд кунед. Шумо метавонед ба коркарди маълумоти худ аз ҷониби мо вақте ки он бо такя ба манфиатҳои қонунӣ ё иҷрои вазифае ба манфиати ҷамъият сурат мегирад, эътироз кунед. Мо ҳангоми арзёбии эътироз якчанд омилро ба назар мегирем, аз ҷумла: агар мо муайян накунем, ки барои ин коркард асосҳои қонунии назаррасе мавҷуданд, ки аз манфиатҳо ва ҳуқуқу озодиҳои бунёдии шумо бартарӣ надоранд ё коркард бо сабабҳои ҳуқуқӣ зарур аст, эътирози шумо қонеъ карда мешавад ва мо коркарди маълумоти шуморо қатъ мекунем. Шумо минбаъд барои қатъ кардани истифодаи маълумоти худ дар он маркетинги мустақим метавонед аз пайванди "қатъ кардани обуна", ки дар иртиботҳои маркетингии мо мавҷуд аст, истифода баред.
    • Интизориҳои асосноки шумо
    • Манфиатҳо ва хавфҳо барои шумо, мо, корбарони дигар ё тарафҳои сеюм
    • Воситаҳои дастраси дигар барои ноил шудан ба ҳамон мақсад, ки метавонанд камтар мудохилакунанда бошанд ва талоши номутаносиб талаб намекунанд
  • Ҳуқуқи бозхондани розигӣ -Дар мавридҳое, ки мо розигии шуморо барои фаъолиятҳои муайяни коркард дархост намудаем, шумо ҳуқуқ доред, ки дар вақти дилхоҳ он розигиро бозхонед. Лутфан, ба назар гиред, ки бозхонд ба қонунияти ҳама гуна раванди коркарде, ки пеш аз бозхонда шудани розигии шумо сурат гирифтааст, таъсир намерасонад.
  • Ҳуқуқ ба шикоят - Шумо метавонед ба мақоми назоратии маҳаллии худ шикоят кунед. Мақоми олии назоратии Meta Platforms Ireland Limited Комиссияи ҳифзи иттилооти Ирландия мебошад.
  • Ҳуқуқ ба набудани табъиз: Мо ҳангоми амалӣ намудани ҳар яки ин ҳуқуқҳо нисбат ба шумо табъиз намекунем.
Лутфан, ба назар гиред, ки барои муҳофизати маълумоти шумо ва ягонагии Хизматрасониҳои маркетингии худ пеш аз коркарди дархостатон шояд ба мо тасдиқ кардани шахсияти шумо лозим шавад. Дар баъзе ҳолатҳо шояд ба мо ҷамъ овардани маълумоти иловагӣ барои тасдиқ кардани шахсияти шумо, аз қабили ID-и давлатӣ дар баъзе юрисдиксияҳо лозим шавад. Тибқи қонунҳои муайян шумо метавонед ин ҳуқуқҳоро мустақилона амалӣ кунед ё барои аз номи шумо пешниҳод намудани ин дархостҳо агенти ваколатдор таъин кунед.
Қонуни умумии Бразилия оид ба ҳифзи иттилоот
Банди мазкур ба фаъолиятҳои коркарди маълумоти шахсӣ тибқи қонунгузории Бразилия татбиқ мешавад ва Сиёсати махфияти мазкурро пурра мекунад.
Тибқи Қонуни Бразилия дар бораи ҳифзи иттилооти умумӣ (“LGPD”), шумо ҳуқуқ доред, ки ба иттилооти худ дастрасӣ ёбед, онро ислоҳ кунед, кӯчонед, нест кунед ва коркарди онро аз ҷониби мо тасдиқ намоед. Дар баъзе мавридҳо, шумо инчунин ҳуқуқ доред, ки ба коркарди маълумоти шахсии худ эътироз кунед ва онро маҳдуд созед ё метавонед розигии худро ҳангоме, ки мо иттилооти ба мо пешниҳодшударо дар асоси розигии шумо коркард мекунем, бозхонед. Сиёсати махфияти мазкур дар бораи тарзи аз ҷониби мо мубодила шудани иттилоот бо тарафҳои сеюм маълумот фароҳам менамояд. Барои дархост намудани маълумоти бештар дар бораи амалияҳои коркарди иттилооти мо инҷоро пахш кунед.
Шумо инчунин ҳақ доред тавассути тамоси мустақим бо DPA ба Ниҳоди ҳифзи иттилооти Бразилия муроҷиат намоед.

6. Нигоҳдории маълумоти шумо

Мо маълумоти шахсии шуморо танҳо ба муддате нигоҳ медорем, ки барои мақсадҳои дар Сиёсати махфияти мазкур муқарраршуда зарур аст. Meta маълумоти шуморо, ки мо ҳангоми иштироки шумо дар барномаи ҷамъоварии фикру мулоҳиза ё пажӯҳишҳо оид ба ҷамъоварии фикру мулоҳиза ҷамъ овардаем, дар давоми иҷрои лоиҳа ва ба чунин муддате пас аз он, ки барои гузаронидани таҳлилҳо, посух додан ба баррасии ҳамкорон ё ба тариқи дигар санҷидани фикру мулоҳиза зарур аст, нигоҳ медорад. Meta маълумоти шахсии шуморо ба андозаи зарурӣ барои мутобиқат бо уҳдадориҳои ҳуқуқии худ (масалан, агар нигоҳ доштани маълумоти шахсии шумо барои мутобиқат бо қонунгузории татбиқшаванда талаб карда шавад), ҳал кардани баҳсҳо ва таъмини иҷрои шартҳои мо нигоҳ медорад ва истифода мебарад. Вақте ки ин муҳлатҳои нигоҳдорӣ ба анҷом мерасанд ва ҳеҷ гуна сабаби минбаъдаи мушаххас барои нигоҳдории маълумоти шахсии шумо мавҷуд набошад, маълумоти шахсии марбут нест карда мешавад.

7. Фаъолияти ҷаҳонии мо

Мо маълумоти дар саросари ҷаҳон ҷамъовардаи худро ҳам дар дохил, бо ҳама дафтарҳо ва марказҳои иттилоотии худ ва ҳам дар берун, бо таъминкунандагон, Таҳвилгарони хизматрасонӣ ва тарафҳои сеюм мубодила мекунем. Азбаски Meta ширкати ҷаҳонист ва дар саросари ҷаҳон муштариён ва кормандон дорад, интиқолҳо бо сабабҳои гуногун заруранд, аз ҷумла:
  • Барои ба роҳ мондан ва фароҳам кардани хизматрасониҳои дар Сиёсати махфияти мазкур зикршуда
  • Барои ислоҳ, таҳлил ва такмили маҳсулоти худ тибқи Сиёсати махфияти мазкур
Маълумот ба куҷо интиқол дода мешавад?
Маълумоти шумо ба ҷойҳои зерин интиқол ё фиристода мешавад ё дар он ҷойҳо нигоҳдорӣ ё коркард мешавад:
  • Ҷойҳое, ки мо инфрасохтор ё марказҳои иттилоот дорем, аз ҷумла, дар ин ҳисоб, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ирландия, Дания ва Шветсия
  • Кишварҳое, ки Workplace дар он ҷо дастрас аст
  • Кишварҳои дигар, ки дар он ҷо таъминкунандагон, Таҳвилгарони хизматрасонӣ ва тарафҳои сеюми мо берун аз кишвари ҷои зиндагии шумо ҷойгир шудаанд, барои мақсадҳои дар Сиёсати махфияти мазкур тавсифшуда.
Чӣ тавр мо маълумоти шуморо муҳофизат мекунем?
Мо ба механизмҳои мувофиқи интиқоли байналмилалии иттилоот такя мекунем.
Механизмҳое, ки мо барои интиқоли ҷаҳонии иттилоот истифода мебарем
Мо ба механизмҳои мувофиқи интиқоли байналмилалӣ такя мекунем. Масалан, дар мавриди маълумоти ҷамъовардаи мо дар:
Минтақаи иқтисодии Аврупо
  • Мо ба қарорҳои Комиссияи Аврупо такя мекунем, ки он мувофиқи ин қарорҳо эътироф менамояд, ки дар кишварҳо ва ҳудудҳои ҷудогонаи берун аз Минтақаи иқтисодии Аврупо сатҳи муносиби муҳофизати маълумоти шахсиро таъмин менамояд. Ин қарорҳо “қарорҳои кифоятӣ” номида мешаванд. Аз ҷумла мо маълумоти дар Минтақаи иқтисодии Аврупо ҷамъ овардаамонро ба Аргентина, Исроил, Зеландияи Нав, Швейтсария ва дар сурати татбиқшаванда будани қарор, ба Канада дар асоси қарорҳои кифоятии дахлдор интиқол медиҳем. Дар бораи қарорҳои кифоятӣ барои ҳар кишвар маълумоти бештар гиред. Meta Platforms, Inc. иштироки худро дар Барномаи чаҳорчӯби махфияти иттилооти ИА ва ИМА сертификатсия кардааст. Дар бобати интиқоли маълумоти маҳсулот ва хизматрасониҳои дар он сертификатсия зикршуда мо ба Барномаи чаҳорчӯби махфияти иттилооти ИА ва ИМА ва қарори кифоятии марбути Комиссияи Аврупо такя мекунем. Барои маълумоти бештар, лутфан, Ифшои барномаи чаҳорчӯби махфияти иттилооти Meta Platforms, Inc.-ро аз назар гузаронед.
  • Дар вазъиятҳои дигар мо барои интиқол додани иттилоот ба кишвари сеюм ба моддаҳои стандартии шартнома, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо тасдиқ шудаанд (ва дар ҳолатҳои зарурӣ, моддаҳои стандартии баробарвазни шартнома барои Британияи Кабир) ё ба мавридҳои истисноии тибқи қонунгузории татбиқшаванда пешбинишуда такя мекунем.
Агар шумо дар бораи интиқоли иттилооти байналмилалӣ ва моддаҳои стандартии шартномаҳои мо савол дошта бошед, метавонед бо мо тамос гиред.
Корея
Тавассути бозбинӣ кардани Огоҳии махфият дар Корея дар бораи ҳуқуқҳои махфияти барои шумо дастрас, маълумоти муфассал дар бораи тарафҳои сеюм, ки мо маълумоти шуморо бо онҳо мубодила мекунем ва масъалаҳои дигар маълумоти бештар гиред.
Кишварҳои боқимондаи ҷаҳон:
  • Дар вазъиятҳои дигар мо барои интиқол додани иттилоот ба кишвари сеюм ба моддаҳои стандартии шартнома, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо тасдиқ шудаанд (ва дар ҳолатҳои зарурӣ, моддаҳои стандартии баробарвазни шартнома барои Британияи Кабир) ё ба мавридҳои истисноии тибқи қонунгузории татбиқшаванда пешбинишуда такя мекунем.
  • Дар мавриди мавҷуд будани сатҳи кофии ҳифзи иттилоот дар кишварҳои дигар мо ба қарорҳои Комиссияи Аврупо ва мақомоти дахлдори дигар такя мекунем.
  • Мо тибқи қонунгузориҳои татбиқшаванда, ки барои интиқоли иттилоот ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои марбути дигар амал мекунад, механизмҳои баробарвазнро истифода мебарем.
Мо инчунин ҳангоми интиқол додани маълумоти шумо ба роҳ монда шудани чораҳои муҳофизатии мувофиқро таъмин менамоем. Масалан, мо маълумоти шуморо ҳангоми гузаштани он аз шабакаҳои оммавӣ рамзгузорӣ мекунем, то онро аз дастрасии беиҷозат муҳофизат намоем.

8. Заминаҳои ҳуқуқии мо барои коркард

Ширкатҳо тибқи баъзе қонунҳои татбиқшаванда дар бораи ҳифзи иттилоот барои коркарди маълумоти шахсӣ бояд заминаи ҳуқуқӣ дошта бошанд. Вақте ки сухан дар бораи "коркарди иттилооти шахсӣ" меравад, мо роҳҳои ҷамъоварӣ, истифода ва мубодила шудани маълумоти шуморо, тавре ки дар бандҳои болоии дигари Сиёсати махфияти мазкур тавсиф шудааст, дар назар дорем.
Заминаи ҳуқуқии мо чист?
Мо ҳангоми коркарди маълумоти шумо бо мақсадҳои дар Сиёсати махфияти мазкур тавсифшуда, вобаста ба юрисдикисия ва шароити шумо, ба заминаҳои ҳуқуқии гуногун такя мекунем. Инчунин ҳангоми коркарди ҳамон маълумоти шумо бо мақсадҳои гуногун мо метавонем ба заминаҳои ҳуқуқии дигар такая кунем. Дар юрисдиксияҳои муайян мо асосан ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ ба розигии шумо такя мекунем. Дар юрисдиксияҳои дигар, аз ҷумла Минтақаи Аврупо мо ба заминаҳои ҳуқуқии зерин такя мекунем. Мо сабаби коркарди маълумоти шуморо барои ҳар заминаи ҳуқуқии дар зер номбаршуда тавсиф мекунем.
Манфиатҳои қонунӣ
Мо ба манфиатҳои қонунии худ ё тарафи сеюм дар ҳолате, ки онҳо аз манфиатҳои қонунӣ ё ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии шумо бартарӣ надошта бошанд (“манфиатҳои қонунӣ”), такя мекунем:
Сабаб ва тарзи коркарди маълумоти шумоМанфиатҳои қонуние, ки ба онҳо такя карда мешавадКатегорияҳои истифодашавандаи маълумот
Барои фароҳам намудан, такмил додан ва таҳия кардани Сомонаҳо ва Фаъолиятҳои худ мо:
Маълумоти шумо ва тарзи истифодаи шумо аз Сомона ва Фаъолиятҳои мо ва таомул бо онҳоро таҳлил мекунем.
Фаҳмиши фаъолияти Сомонаи худ ва назорат кардану такмил додани он ба манфиати мост.
Фароҳам намудани Фаъолиятҳои маркетингӣ ва пешниҳоди фикру мулоҳиза, фаҳмидани тарзи истифодаи онҳо аз ҷониби шумо ва таҳияву такмили онҳо ба манфиати мост.
  • Маълумоти тамоси шумо
  • Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед
  • Маълумоти истифода ва сабти фаъолият
  • Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ
  • Маълумоти тарафи сеюм
  • Кукиҳо
Барои фаҳмидани чизҳое, ки корбарон мехоҳанд ва меписанданд, мо:
Фаъолиятҳои худ, аз ҷумла таҳлили маълумот ва фикру мулоҳизаи шуморо фароҳам менамоем, агар шумо дар ягон гурӯҳи кории марбут ба ҷамъоварии фикру мулоҳиза ё таҳқиқоти дигар оид ба ҷамъоварии фикру мулоҳиза, масалан, вақте ки шумо консепсияҳои навро озмоиш мекунед ва пешнамоиши хусусиятҳои Workplace-ро анҷом медиҳед, иштирок кунед.
Маълумоте, ки мо аз иштироки шумо дар барномаи ҷамъоварии фикру мулоҳиза ё таҳқиқоти дигар оид ба ҷамъоварии фикру мулоҳиза ба даст овардаем, ҷамъбаст ва дар шакли муайяннашуда истифода мешавад ва агар дар гузориш оид ба фикру мулоҳиза ё иттилооти оморӣ иқтибос ё ақидае истифода шуда бошад, гузориш онро шахсан ба шумо мансуб намекунад.
Донистани талабот ва хоҳишҳои муштариёни мо ва истифодаи ин маълумот барои асоснок кардани тағйирот ё ҷорӣ намудани хусусиятҳои нави Workplace ё маҳсулот ва хизматрасониҳои дигар, инчунин ба даст овардани иттилооти омории дигар ба манфиати мо ва муштариёни мо мебошад.
  • Маълумоти тамоси шумо
  • Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед
  • Маълумоти истифода ва сабти фаъолият
  • Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ
  • Маълумоти тарафи сеюм
  • Кукиҳо
Барои иртибот бо шумо ва фиристодани иртиботи маркетингӣ (дар мавридҳое, ки онҳо ба розигӣ асос наёфтаанд).
Агар шумо ба гирифтани иртиботи маркетингӣ тавассути почтаи электронӣ, аз қабили мактубҳои ахборӣ сабти ном карда бошед, дар вақти дилхоҳ метавонед обунаро бо пахш намудани пайванди “қатъ кардани обуна”, ки дар поёни ҳар паёми электронӣ ҷойгир аст, қатъ кунед.
Мо бо шумо дар бораи Фаъолиятҳо ва сиёсатҳо ва/ё шартҳои худ дар мавридҳои марбут иртибот мекунем.
Мо инчунин ба шумо ҳангоми бо мо тамос гирифтани шумо посух медиҳем.
Ба шумо фиристодани иртиботи маркетингии мустақим бо мақсади маркетинги маҳсулоти мо ва фароҳам кардани маълумот дар бораи маҳсулоти нав ё навсозишудаи муҳим ба манфиати мост.
Иртибот дар бораи Фаъолиятҳои худ бо шумо ба манфиати мост.
Вақте ки бо мо тамос мегиред, истифодаи маълумоти шумо барои посух додан ба шумо ҳам ба манфиати шумо ва ҳам ба манфиати мост.
  • Маълумоти тамоси шумо
  • Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед
Барои фароҳам намудан, шахсӣ кардан, андоза гирифтан ва такмил додани маркетинг ва рекламадиҳии худ мо:
Маълумоти шуморо барои намоиши рекламаҳои ҳадафманд, аз ҷумла тавассути шабакаҳои тарафи якум ва тарафи сеюм ва барои эҷоди бинандагони шабеҳ, бинандагони интихобӣ, инчунин андозагирӣ дар шабакаҳои рекламаи тарафи якум ва тарафи сеюм истифода мебарем.
Анҷом додани фаъолияти маркетинг ва рекламадиҳӣ ба манфиати мост.
  • Маълумоти тамоси шумо
  • Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед
  • Маълумоти истифода ва сабти фаъолият
  • Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ
  • Кукиҳо
Барои мусоидат ба бехатарӣ, ягонагӣ ва амният, мо:
Мо маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавии шуморо барои муайян намудан ва тафтиш кардани намунаҳои рафтори шубҳаовар таҳлил мекунем.
Эмин сохтани системаҳои мо ва мубориза бо спам, таҳдидҳо, сӯиистифода ё халалдоркунии фаъолиятҳо ва мусоидат кардан ба бехатарӣ ва амнияти Сомонаҳо ва Фаъолиятҳо ба манфиати мо ва манфиати корбарони Сомонаҳои мо ва иштирокчиёни Фаъолиятҳои маркетинг ва ҷамъоварии фикру мулоҳизаи мо мебошад.
  • Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ
  • Маълумоти истифода ва сабти фаъолият
  • Кукиҳо
Мо маълумотро маҳфуз медорем ва бо дигарон, аз ҷумла бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва барои посух додан ба дархостҳои қонунӣ мубодила мекунем.
Ин посух додан ба дархостҳои қонуниро дар мавридҳое, ки қонунгузории татбиқшаванда моро вазифадор намекунад, вале боварии содиқона дорем, ки ин тибқи қонун дар юрисдиксияи дахлдор ҳатмист ё мубодилаи маълумот бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё шарикони соҳаро бо мақсади мубориза бо рафтори таҳқиромез ё ғайриқонунӣ дар бар мегирад. Масалан, мо бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми зарурат бо мақсади тафтишот акси маълумоти корбарро маҳфуз медорем.
Пешгирӣ намудан ва мубориза кардан бо қаллобӣ, истифодаи беиҷозати Сомонаҳо ё Фаъолиятҳои мо, вайронкуниҳои шартҳо ва сиёсатҳои мо ё фаъолияти зиёновар ё ғайриқонунии дигар ба манфиати мо ва корбарони мост.
Муҳофизат кардани худ (аз ҷумла ҳуқуқҳо, кормандон, мавод ё маҳсулоти мо), корбарони мо ва дигарон, аз ҷумла дар доираи тафтишот ё пурсишҳои назоратӣ; ё пешгирии марг ё расонидани осеби ҷисмонии ногузир ба манфиати мост.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳукумат, мақомот ва шарикони соҳавии дахлдор ба тафтиш ва мубориза алайҳи рафтори таҳқиромез ё ғайриқонунӣ манфиатдоранд.
  • Маълумоти тамоси шумо
  • Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед
  • Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ
  • Маълумоти истифода ва сабти фаъолият
  • Маълумоти тарафи сеюм
  • Кукиҳо
Мо маълумотро ҳангоми муроҷиат барои машварати ҳуқуқӣ ё муҳофизати худ дар доираи мурофиаи судӣ ва баҳсҳои дигар маҳфуз медорем ва мубодила мекунем. Ин ҳолатҳое, аз қабили вайронкуниҳои шартҳо ва сиёсатҳои моро дар мавридҳои мувофиқ дар бар мегирад.
Ҷавоб додан ба шикоятҳо, пешгирӣ ва бартараф кардани қаллобӣ, истифодаи беиҷозати Сомонаҳо ва Фаъолиятҳои мо, вайронкуниҳои шартҳо ва сиёсатҳои дахлдори мо ё рафтори зиёновар ё ғайриқонунии дигар ба манфиати мо ва корбарони мост.
Муроҷиат кардан барои машварати ҳуқуқӣ ва муҳофизат кардани худ (аз ҷумла ҳуқуқҳо, кормандон, амвол ё маҳсулоти мо), корбарони мо ё дигарон, аз ҷумла дар доираи тафтишот ё пурсишҳои назоратӣ ва мурофиаҳои судӣ ё баҳсҳои дигар ба манфиати мост.
  • Маълумоти тамоси шумо
  • Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед
  • Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ
  • Маълумоти истифода ва сабти фаъолият
  • Маълумоти тарафи сеюм
  • Кукиҳо
Розигии шумо
Вақте ки шумо ба мо розигӣ медиҳед, мо коркарди маълумотро бо мақсадҳои тавсифшудаи зерин анҷом медиҳем. Категорияҳои истифодашавандаи маълумот ва сабаб ва тарзи коркарди онҳо дар зер муқаррар шудаанд:
Сабаб ва тарзи коркарди маълумоти шумоКатегорияҳои истифодашавандаи маълумот
Барои ба шумо фиристодани хабарҳои маркетингӣ (дар мавридҳое, ки онҳо ба розигии шумо асос ёфтаанд). Вақте ки мо коркарди маълумоти шуморо дар асоси розигии шумо анҷом медиҳем, шумо ҳуқуқ доред, ки розигии худро дар вақти дилхоҳ бидуни таъсир ба қонунияти коркарди ба чунин розигӣ асосёфта, пеш аз бозхонда шудани розигӣ тавассути тамос бо мо бо истифодаи маълумоти тамоси дар зер омада бозхонед.
Шумо метавонед обуна ба иртиботҳои маркетингӣ тавассути почтаи электрониро бо пахш кардани пайванди “қатъ кардани обуна”, ки дар поёни ҳар паёми электронӣ ҷойгир шудааст, қатъ кунед.
  • Маълумоти тамоси шумо
Мутобиқат бо уҳдадории ҳуқуқӣ
Мо коркарди маълумотро бо мақсади мутобиқат ба уҳдадории ҳуқуқӣ, аз ҷумла, масалан, барои дастрасӣ ёфтан, маҳфуз доштан ё ифшо намудани маълумоти муайян дар сурати мавҷуд будани дархости қонунӣ анҷом медиҳем.
Сабаб ва тарзи коркарди маълумоти шумоКатегорияҳои маълумот бо мақсадҳои зерин истифода мешаванд
Барои коркарди маълумот дар мавриди риояи уҳдадориҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, масалан, дастрасӣ ёфтан, маҳфуз доштан ё ифшо намудани маълумоти муайян дар сурати мавҷуд будани дархости қонунии мақоми танзимкунанда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигарон. Масалан, ордер дар бораи ҷустуҷӯ ё фармон дар бораи тавлиди маълумот аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ирландия оид ба фароҳам кардани маълумот дар робита бо ягон тафтишот, аз қабили суроғаи IP-и шумо.
  • Маълумоти тамоси шумо
  • Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед
  • Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ
  • Маълумоти истифода ва сабти фаъолият
  • Маълумоти тарафи сеюм
  • Кукиҳо
Муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими шумо ё шахси дигар
Мо коркарди маълумотро ҳангоми мавҷуд будани зарурати муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳимми касе анҷом медиҳем.
Сабаб ва тарзи коркарди маълумоти шумоКатегорияҳои маълумот бо мақсадҳои зерин истифода мешаванд
Мо маълумотро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигарон дар мавридҳое мубодила мекунем, ки манфиатҳои ҳаётан муҳимми касе, аз қабили манфиатҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ба муҳофизат ниёз доранд. Ин манфиатҳои ҳаётан муҳим муҳофизати ҳаёт, саломатии ҷисмонӣ ё равонӣ, некӯаҳволӣ ё дахлнопазирии шумо ё каси дигар ё дигаронро дар бар мегирад.
  • Маълумоти тамоси шумо
  • Маълумоте, ки шумо ба мо медиҳед
  • Маълумот дар бораи дастгоҳ ва пайвастшавӣ
  • Маълумоти истифода ва сабти фаъолият
  • Маълумоти тарафи сеюм
  • Кукиҳо

9. Навсозиҳои Сиёсати махфият

Мо метавонем Сиёсати махфияти худро ҳар чанд вақт навсозӣ кунем. Мо Сиёсати махфияти навро нашр менамоем, санаи “Тағйироти охирин”-ро дар боло нав мекунем ва ҳама гуна чораҳои дигареро, ки қонунгузории татбиқшаванда талаб менамояд, меандешем. Лутфан ҳар чанд вақт Сиёсати махфияти моро аз назар гузаронед.

10. Ба маълумоти шумо кӣ масъул аст

Мо метавонем Сиёсати махфияти худро ҳар чанд вақт навсозӣ кунем. Мо Сиёсати махфияти навро нашр менамоем, санаи “Тағйироти охирин”-ро дар боло нав мекунем ва ҳама гуна чораҳои дигареро, ки қонунгузории татбиқшаванда талаб менамояд, меандешем. Лутфан ҳар чанд вақт Сиёсати махфияти моро аз назар гузаронед.
Агар шумо дар кишвар ё қаламрави “Минтақаи Аврупо" зиндагӣ кунед (ки кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигарро дар бар мегирад: Австрия, Андорра, Белгия, Британияи Кабир, Булғористон, Венгрия, Гваделупа, Гвианаи Фаронса, Гибралтар, Дания, Ирландия, Исландия, Испания, Италия, Латвия, Литва, Лихтенштейн, Люксембург, Мадейра, Майотт, Малта, Мартиника, Монако, Нидерландия, Норвегия, Олмон, пойгоҳҳои мустақили Британияи Кабир дар Кипр (Акротири ва Декелия), Полша, Португалия, Реюнион, Руминия, Сан-Марино, Сент-Мартин, Словакия, Словения, Фаронса, Финландия, Хорватия, Ҷазираи Мэн, Ҷазираҳои Азор, Ҷазираҳои Канар, Ҷазираҳои Нормандия, Чехия, Ҷумҳурии Кипр, шаҳри Вотикон, Швейтсария, Шветсия, Эстония ва Юнон) ё ба тариқи дигар берун аз ИМА ё Канада зиндагӣ кунед, нозири иттилооти масъул ба маълумоти шумо Meta Platforms Ireland Limited мебошад.
Агар шумо дар ИМА ё Канада зиндагӣ кунед, Meta Platforms Inc. ниҳоди масъул ба маълумоти шумо мебошад.

11. Тамос бо мо

Агар шумо дар бораи Сиёсати махфияти мазкур саволҳо дошта бошед ё дар мавриди маълумоти шахсӣ ва сиёсатҳо ва амалияҳои махфияти мо саволҳо, шикоятҳо ё дархостҳо дошта бошед, метавонед бо мо тамос гиред. Шумо метавонед тавассути фиристодани паём ба почтаи электронии workplace.team@fb.com ё тавассути фиристодани мактуб ба суроғаи зерин бо мо тамос гиред:
ИМА ва Канада:
Meta Platforms, Inc.
ATTN: Privacy Operations
1601 Willow Road
Menlo Park, CA 94025
Қисмати боқимондаи ҷаҳон (аз ҷумла Минтақаи Аврупо):
Meta Platforms Ireland Limited
Merrion Road
Dublin 4
D04 X2K5
Ireland
Бо корманди ҳифзи иттилооти Meta Platforms Ireland Limited дар инҷо тамос гирифтан мумкин аст.